Добавить новость
World News
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

ИМА: танқиди шадиди Доналд Трамп баъди мулоқоташ бо Путин

Баъзе сиёсатмадорони Амрико аз суханони президент Трамп, ки баъди мулоқот бо раҳбари Русия, рӯзи 16 июл дар Ҳелсинки, аз натиҷагирии ҷомеаи истихбороти ИМА дар робита ба дахолати Русия дар умури интихоботи Амрико пуштибонӣ накард, шадидан нороҳат шуданд. "Садои Амрико" баъзе вокунишҳои танқидӣ ба изҳороти Трампро пешниҳод кардааст. 


Раҳбари Амрико баъди мулоқот бо Путин дар нишасти матбуотии муштарак таҳқиқи прокурори вежа дар умури парвандаи дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботро "барои кишвар фалокатбор" унвон кард.


Сенатори амрикоӣ Линдси Грем, узви кумитаи нерӯҳои мусаллаҳ, ки маъмулан аз Трамп пуштибонӣ мекунад, гуфт, ки президент "заъф"-и Амрикоро намоиш дод. Грэм дар Твиттер навишт: "Президент фурсати ба ҷавобгарӣ кашидани Русия, дар робита ба дахолаташ дар интихобот ва ҳушдори шадид ба ин кишварро аз даст дод". Русия посухи президентро ҳамчун аломати заифии Амрико баррасӣ мекунад ва ин аз ҳалли масъала дида бештар мушкилсоз мешавад".


Сенатори Ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн нишасти матбуотии Ҳелсинкиро шармандагии як президенти Амрико дар таърихи кишвар номид. Ӯ гуфт, зарари содалавҳии Трамп, худхоҳии ӯ ва таваҷҷӯҳаш ба раҳбарони худкомаро баркашидан душвор аст".   


Пол Райан, яке аз Ҷумҳурихоҳони пешсаф дар Платаи намояндагони ИМА гуфт, "шубаҳа нест, ки Русия ба интихоботи мо дахолат кард ва барои хароб кардани низомҳои демократӣ дар тамоми ҷаҳон талош дорад. Дар як радиф бо ИМА қарор додани Русия, ки аз ҷиҳати ахлоқӣ бо Амрико баробар нест, ба идеал ва арзишҳои мо мухолифат ва нисбати мо бархурди душманона дорад, қобили қабул нест". 


Сенатори Аризона Ҷефф Флейк, ки пайваста аз Трамп интиқод мекунад гуфт: "Ҳеҷ бовар надоштам рӯзе фаро мерасад, ки президенти Амрико дар паҳлӯи президенти Русия гуноҳи таҷовузкории Русияро бар дӯши ИМА мегузорад. Ин як шармандагӣ аст".


Ҷеймс Клеппер - раҳбари Хадамоти амнияти миллии ИМА дар аҳди Барак Обама, ба шабакаи телевизионии CNN гуфт: "Президенти Ийолоти Муттаҳида дар асл таслим шуд, ба сурати умум, дар ҳузури Путин даступо хурд. Ин саҳнаи бисёр таъсирбахш вале хеле нохушоянд буд."


Раҳбари феълии Идораи истихбороти ИМА Дэн Коутс дар изҳороташ навишт: "Мо дар робита ба дахолати Русия ба умури интихоботи соли 2016 ва талошҳои Русия барои хароб кардани демократияи мо баҳои хеле мушаххас дода будем".


Мулоқоти рӯзи гузаштаи Трамп бо Путин демократҳоро низ нороҳат кард.


Сенатори аёлати Вирҷиния Марк Уорнер, узви кумитаи истихборот, ки аз хулосаи ҷомеаи истихбороти ИМА пуштибонӣ кардааст гуфт: "Тарафгирии Трамп на аз хадамоти истихоботи кишвари худ, балки аз Путин ва бар души Амрико гузоштани масъулияти ҳамлаи Русия воқеан як шармандагӣ буд".


Элизабет Уоррен, рақиби эҳтимолии Трамп дар интихоботи соли 2020 гуфт, "Трамп Амрикоро дар сатҳи байналмилалӣ шарманда мекунад, эътимод ба сохтори демократии моро аз байн мебарад ва эътилофҳои моро заъиф мекунад".


Сенатори аёлати Вирҷиния Тим Кейн, ки якҷо бо Ҳиллари Клинтон дар интихоботи соли 2016 иштирок дошт, Трампро "лаҳзаи ғамангез ва шармовари Амрико" унвон кард.


Сенатори демократ аз аёлати Флорида Билл Нелсон гуфт, "Ин далел, ки президенти мо дахолати Путинро ба умури интихобот эътироф накард, бояд боиси нигаронии ҳамаи мо бошад. - Президент барои ба чолиш кашидани Путин талош ҳам накард, ин ғайри қобили қабул ва шармандагӣ аст".

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *