Добавить новость
World News
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Қирғизистон: парвандаи "қурбонии арӯсрабоӣ" то охир тафтиш мешавад

Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев рӯзи 16 июл ба вазири умури дохилии ин кишвар дастур дод, ки бо шикояти Турдаалӣ Кожоналиев, падари Бурулай Турдаалӣ, духтаре, ки дар шуъбаи пулис кушта шуд, расидагӣ кунад.


Ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеа ва расонаҳои дастгоҳи ҳукумати Қирғизистон, вазир бояд натиҷаи ташхиси тиббии судиро ҳамаҷониба баррасӣ кунад.


Сарвазири Қирғизистон гуфт, парвандаи куштори Бурулай Турдаалии 19-сола, ки зери назорати шахсии ӯст, то охир тафтиш шуда, дастандаркорон, аз ҷумла марди 30-солаи гумонбар бар асоси қонунҳо ҳукми одилона хоҳанд гирифт.


27 май дар шуъбаи пулиси ноҳияи Жайили Қирғизистон Бурулай Турдиалӣ аз захми корд ҷон бохт. Духтарро марде корд зад, ки ба хотири издивоҷ ӯро дуздида буд. Мард баъдан худро низ захмӣ кард . Ин ҳодиса дар ҷомеаи Қирғизистон баҳсҳои тундеро ба бор оварда, президент Сооронбой Ҷеенбеков ба тафтиши мушикофонаи он дастур дод.


Вазорати умури дохилии Қирғизистон дар натиҷаи санҷиши ҳодиса эълом кард, ки 23 кормандаро муҷозот  ва 13 нафарро аз мақом барканор кард.. Гумонбари куштори Турдаалӣ Марс Бодошо, ки дар беморхона буд, бо қарори додгоҳ 12 июн ду моҳ ҳабс ва аз беморхона ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол ёфт.


Волидони Бурулай Турдаалӣ талаб доранд, ки ҷасади духтари онҳо аз қабр берун оварда шавад, зеро онҳо ба хулосаи ташхиси тиббии судӣ бовар надоранд. Ба гуфтаи ӯ, ташхисгарон дар хулосаи худ нагуфтанд, ки дар бадани духтари онҳо бо корд чизе навишта шудааст.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *