Размоиши муштараки нерӯҳои Қазоқистон ва Узбекистон
Дар доираи размоиш нерӯҳои ду кишвар амалиёти иктишофии шабона баргузор карданд.
"Вазифаҳои гузошташуда аз сӯи низомиҳо бо муваффақият анҷом шуданд. Ман мехоҳам зикр кунам, ки мо чандин масъаларо ҳал кардем. Мо дар масъалаи ҳалли муштараки амалиёти фаврии низомӣ ва омодасозии кадрҳо ба созиш расидем", - гуфт Сакен Жасузаков.
Жасузаков афзуд, даври дувуми машқҳои изомӣ дар размоишгоҳи "Фориш"-и Узбекистон баргузор хоҳад шуд.