ВКД Русия гуфт, ҷиноятҳои аз ҷониби хориҷиҳо содиршуда дар ин кишвар дар чормоҳаи аввали соли 2025 дар қиёс бо соли гузашта 15,3% афзуда, ҳар ҷинояти шашумро аз миёни хориҷиҳо шаҳвандони Тоҷикистон содир кардаанд.
Виталий Яковлев, муовини сардори сарраёсати умури муҳоҷирати ВКД Русия дар як ҳамоише дар шаҳри Ашқобод 12 июн гуфт, “мутаассифона, мо раванди манфии афзоиши шумори ҳодисаҳои ҷиноии содиршаванда аз ҷониби муҳоҷиронро мушоҳида мекунам. Аз ҷумла, шумори ҷиноятҳое, ки аз ҷониби хориҷиҳо содир шудааст, то 15,3% афзудааст. Читать дальше...