Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши хабарномае гуфт, ҳар касе, ки барои пайдо намудани Малика ва Сабина Араловаҳо маълумоти дуруст ва аниқ диҳад, дар ҳаҷми 500 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешавад.
Малика ва Сабина Араловаҳо рӯзи 25 марти соли 2013, замоне ки аввалӣ 5 ва дувумӣ 4,5 сол доштанд, аз назди хонаашон дар атрофи фурӯшгоҳи "Садбарг" дар Душанбе гум шуданд.
"Таҷрибаи корӣ собит намуд, ки саҳми шаҳрвандон дар ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ, дарёфт намудани шахсони бедаракгашта ва таъмини... Читать дальше...