Раиси ҷамъияти тоҷикони Перм аз шаҳрвандии Русия маҳрум шуд
Сайфиддин Одинаев, раиси ҷамъият ё диаспораи тоҷикон дар вилояти Перми Русия аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум ва вурудаш ба муддати 50 сол ба Русия манъ шудааст. Хадамоти федералии амнияти Русия ё ФСБ дар вилояти Перм аз ихроҷи "як зодаи Осиёи Марказӣ" бо гумони "содир кардани амалҳое, ки ба амнияти Русия таҳдид мекунанд", хабар додааст. Ин ниҳод дар бораи шахсияти нафари ихроҷшуда иттилои бештаре надодааст. Бархе расонаҳои русӣ, аз ҷумла рӯзномаи "Коммерсант" навиштаанд, нафари ихроҷшуда Сайфиддин Одинаев... Читать дальше...