Дар ҷаласаи нахустини Ҳайати сулҳ, ки бо ташаббуси президенти Амрико 19-уми феврал барпо шуд, Доналд Трамп гуфт, барои бозсозии Ғазза 7 миллиард доллар ҷалб кардааст.
Ӯ гуфт, баъд аз халъи силоҳ шудани гурӯҳи “Ҳамос”, ки Амрикову Аврупо террористӣ медонанд, бо ин пул барқарорсозии Ғазза шуруъ хоҳад шуд.
Чанд масъалае ҳаст, ки дар моҳҳои оянда бояд таъсири ин маҳфилро нишон диҳад, аз ҷумла халъи силоҳи “Ҳамос”, берун бурдани артиши Исроил, эҳёи Ғазза ва ёриҳои башарӣ ба мардуми ҷангзадаи ин минтақа. Читать дальше...