Артиши Исроил хабар дод, ки Эрон ба хоки ин кишвар мушак партоб кардааст.
Ба гузориши хабаргузориҳо, артиши Исроил дар баёнияе гуфт, сомонаҳои дифоӣ барои раҳгирӣ ва нобуд кардани мушакҳо фаъол шудаанд.
Бар асоси ин гузориш, бонги хатар дар шимоли Исроил фаъол шудааст.
Мақомоти Исроил аз шаҳрвандони он кишвар хостаанд, ки барои дар амон мондан аз ин ҳамлаҳои мушакӣ ба паноҳгоҳҳо раванд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Баҳрайн хабар доданд, ки маркази хидматрасонии нерӯи баҳрии Амрико дар ин кишвар ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифтааст. Читать дальше...