Добавить новость
World News
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Вазир исрор дорад, ки баҳс бо таксиронҳо хотима ёфт, вале ронандагон чизи дигар мегӯянд

Дар пасманзари нигарониҳои ронандагони ширкатҳои таксӣ, ки мегӯянд новобаста аз кор кардан ё накардан, бояд ҳар рӯз 100 сомонӣ ба ширкат пардохт намоянд, Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ин иддаоҳоро рад кард.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 23 июл зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, "пештар он чизе, ки шумо гуфтед, буд, ман ҳам шунида будам. Лекин ҳозир дар тартиби нав, ки ронанда кор мекунад ё намекунад, аммо маблағ месупорад, ин хел гап нест. Пештар буд. Теъдоди ширкатҳои таксӣ то 12-13 баромада буд. Ҳоло ин камтар шуд, танҳо ба хотири ба як тартиби муайян даровардан ва хизматрасониро хубтар кардан".

Чунин изҳороти вазири нақлиёт дар ҳолест, ки ронандагон бар инанд, ки дар ҳолати ба кор набаромадан ҳам, чун дигар рӯзҳои корӣ бояд 100 сомонӣ ба ширкат пардохт кунанд. Ҳамчунин шикоят доранд, ки маҷбуранд бе истироҳат кор кунанд.

Соҳибназар Назаров, як ронандаи таксӣ мегӯяд, "аққалан як каме арзон кунанд, то ронандаҳо кор карда тавонанд, пеш раванд ва зиндагиашонро пеш бурда тавонанд. Мушкил аст, ман худам ронандаам, ман ҳамин мошинро кредит гирифтам, зӯрам омадааст, дар моҳ ҳафтуним ҳазор сомонӣ месупорам. Боз 3 ҳазори дигар, ҳар рӯз 100 сомонӣ. Дар моҳ даҳуним ҳазор сомонӣ мешавад, на рӯзгорамонро пеш бурда метавонем, на ба фарзандонамон ягон чиз харида метавонем. Ақалан 50 сомонӣ мекарданд, барои мо хеле сабук мешуд".

Ҳукумати шаҳри Душанбе ахиран танҳо ба 4 ширкати мусофиркашонӣ иҷозаи фаъолият дод ва шумори умумии таксиҳоро то 12 ҳазор боло бурд.

Дар ҳоли ҳозир ба ширкатҳои “Эко-Таксӣ”, “Олуча-авто”, “Ковиён” ва “Сафо-таксӣ” иҷоза дода шудааст, ки ҳар кадоме 3000 мошинро барои мусофиркашонӣ истифода кунанд.

Дар санаде, ки дар аввали моҳи июн муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Саломзода ба он имзо гузошт, номе аз 9 ширкати дигари таксиронӣ, мисли "Рахш-таксӣ" ва "Талко-Персия" зикр нашуд. Ин ширкатҳо дар солҳои ахир дар бозори соҳа фаъол буданд.

Баҳсу мушкилоти ширкатҳои таксӣ дар Тоҷикистон масъалаи нав нест. Дар гузашта, мақомот баъзе аз ширкатҳоро муваззаф карда буданд, ки мошинҳои кӯҳнаро ба хизматрасонӣ роҳ надиҳанд.

Тибқи қарори шаҳрдории Душанбе, дар оянда тамоми таксиҳо бояд бо нерӯи барқ фаъолият кунанд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *