Добавить новость
World News
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Оҷонсӣ: Шикоятҳо аз ҷамъоварии маблағ дар мактабҳо кам шудааст

Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар 6 моҳи соли ҷорӣ танҳо як шикоят аз ҷамъоварии маблағ дар мактаб дарёфт кардаанд.

Муҳаммадтоир Саидзода, раҳбари ин Оҷонсӣ рӯзи 31 июл зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, дар 6 моҳи гузашта вобаста ба ҷамъ кардани пули таъмир дар мактабҳо на аз ҷониби волидайн ва на аз ҷониби афроди дигар ба ин ниҳод мустақиман ягон шикоят ворид нашудааст.

Ба гуфтаи ӯ, танҳо як номаи шикоятӣ аз ноҳияи Айнӣ дарёфт кардаанд, ки як банди он ба ҷамъовариии пули таъмир дар мактабҳо будааст. Раиси ин Оҷонсӣ гуфт, гурӯҳи кории онҳо ба ин ноҳия рафта, шикояти мазкурро мавриди санҷиш қарор додааст, вале вуҷуд доштани ҷамъоварии пул барои таъмир тасдиқи худро наёфтааст.

Дар Тоҷикистон таҳсил дар мактаби миёна ҳатмӣ ва ройгон аст, вале талаб кардани маблағ дар мактабҳо ҳарфи тоза нест. Тақрибан ҳамасола бо оғоз ва анҷоми соли таҳсил ин мавзӯъ доғ мешавад. Ин маблағҳо аксаран бо баҳонаи таъмири мактабҳо аз хонандагон ҷамъоварӣ мешавад.

Ҳарчанд мақомоти маҳаллӣ борҳо ҷамъ кардани пули таъмири мактаб аз волидайнро манъ кардаанд, вале шикоятҳои сокинон аз ин кор ҳамчунон кам намешавад.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *