Добавить новость
World News
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Дар як моҳ беш аз 900 афғонистониро аз Тоҷикистон берун кардаанд

Ба гузориши нави Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират, аз 17-уми июл то 10-уми август қариб ҳазор афғонистонӣ аз Тоҷикистон ронда шудаанд. Ин созмон вуруду хуруҷи шаҳрвандон аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва баръаксро аз тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён – Бандари Шерхон ҳисоб мекунад.

Тибқи омори нави Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират, дар умум аз 17-уми июл то 10-уми август 1647 кас аз тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён – Бандари Шерхон аз Тоҷикистон ба Афғонистон баргаштаанд. Аз инҳо, ба иттилои манбаъ, 976 кас аз Тоҷикистон ихроҷ шуда, боқимонда онҳое будаанд, ки бо мақсади дидани наздикон ба Афғонистон рафтаанд.

Омори Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират баёнгари он аст, ки бо вуҷуди ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ вуруди шаҳрвандон аз Афғонистон ба Тоҷикистон идома дорад.

Дар 25 рӯзи охир 687 нафар аз тариқи гузаргоҳи Бандари Шерхон аз Афғонистон ба Тоҷикистон гузаштаанд. Манбаъ мегӯяд, “беш аз нисфи ин афрод барои ҷустуҷӯйи кор ба Тоҷикистон омаданд”. Боқимонда барои рафтан ба кишвари дигар ё хабаргирии хешовандон дар Тоҷикистон сафар кардаанд.

Рақамҳои пешниҳодкардаи Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират бозгӯйи он аст, ки мавҷи асосии ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба рӯзҳои 17-21-уми июл рост меояд.

Раванди ихроҷи муҳоҷирони афғон аз Тоҷикистон пас аз он шиддат гирифт, ки ба гуфтаи шуморе аз муҳоҷирон, нерӯҳои амниятии тоҷик ба таври шифоҳӣ ба онҳо 15 рӯз мӯҳлат дода буданд, то хоки Тоҷикистонро тарк кунанд. Ин мӯҳлат 21-уми июл ба поён расид.

Пеш аз ин шуморе аз муҳоҷироне, ки аз Тоҷикистон ба Афғонистон бозгаштанд, ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки бо вуҷуди доштани санадҳои қонунӣ боздошт ва ихроҷ шудаанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар моҳи август ба хабарнигорон гуфт, “ҳамаашон қонунӣ иқомат доштанд, аммо қонунро шикастанд, ғайриқоуннӣ мешаванд, не?”

Аз ин пеш, Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бе овардани далел ё омор ин афродро “ба ташвиқу тарғиби ақидаҳои ҳаракатҳои экстремистӣ, пешниҳоди маълумот ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои соҳиб шудан ба мақоми гурезагӣ, вайрон кардани талаботи низоми муҳоҷират, доштани шаҳрвандии кишвари севум, истифода кардани қаламрави Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитӣ ва муомилаи ғайриқонунини маводи мухаддир” айбдор кард.

Бар асоси омори ниҳодҳои кор бо муҳоҷирон, ҳудуди 13 ҳазор паноҳҷӯи афғон дар Тоҷикистон сабт шудаанд, ки бештарашон дар интизори интиқол ба кишварҳои севум ҳастанд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *