Добавить новость
World News
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Муҳоҷири тоҷике дар Маскав ба нӯги крани сохтмонӣ баромада маошашро талаб кард

Мақомоти ҳифзи қонуни Маскав қазияи эътирози як муҳоҷири тоҷикро аз напардохтани маош аз рӯи се банди Кодекси ҷиноии Русия мавриди санҷиш қарор медиҳанд.

Ҳодиса 1 октябр рух дод, вақте як коргари ширкати “ТопКран” бо номи Қурбонов (исми пурраи ӯ феълан маълум нест) дар нӯги крани сохтмонӣ истода аз корфармояш талаб кард, ки 480 ҳазор рубл пули маоши чандинмоҳаашро пардохт кунад.

Танҳо баъди ба ҷои ҳодиса омадани ходимони полис ва дигар сохторҳои ҳифзи қонун, “эътирози” коргар хотима ёфт. Мақомот гуфтанд, ки ин қазия аз рӯи моддаҳои нақзи талаботи бехатарии меҳнат, напардохтани маош ва расонидан ба худкушӣ санҷида мешавад.

Расонаҳои хабарии шаҳри Маскав навиштанд, ки як "кранчӣ болои кран баромада, таҳдид дорад, ки агар маошашро надиҳанд, худро ба замин ҳавола мекунад. Ӯ се моҳ шуд, маош нагирифтааст".

Навори видеоии ин саҳна ҳам ба Радиои Озодӣ фиристода шуд.

Ҳодиса дар яке аз сохтмонҳои минтақаи Марйинои шаҳри Маскав рух дод. Муҳоҷири тоҷики коргари ин ширкат ба нишони эътироз ва бо талаби пардохт шудани маошаш ба болои крани борбардор баромада, таҳдид кардааст, ки худро ба замин мепартояд.

Рӯзномаи “Московский комсомолец” навиштааст, ки муҳоҷир кранчии ширкати “ТопКран” бо номи Қурбонов буда, маоши қарзие, ки корфармо бояд барояш пардохт мекард, ба 480 ҳазор рубл баробар будааст.

Як муҳоҷири дигар болои кран баромада, талош кард бо ӯ гуфтушунид кунад, то фоҷеае рух надиҳад. Матбуот навишт, ки баъди гуфтушуниди тулонӣ ва бо ваъдаи додани маош Қурбоновро водор карданд, ки аз кран поён фарояд.

Сипас кормандони пулис Қурбоновро бо худ бурдаанд. Феълан маълум нест сарнавишти ӯ чӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол муҳоҷирони тоҷике, ки дар ширкати “ТопКран ” кор мекунанд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, талаби ҳамкорашон ҷон дорад, чун воқеан ҳам се моҳ ба ин сӯ рӯи пулро надидаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ширкати мазкур беш аз 150 зодаи Тоҷикистону Узбекистон фаъолият менамоянд ва даст ба эътироз задани муҳоҷири тоҷик ҳам аз ночорӣ буд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *