Добавить новость
World News
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Ҳар муҳоҷири ҳаштум дар Қазоқистон шаҳрванди Тоҷикистон будааст

Дар Қазоқистон муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дуюмин гурӯҳи калонтарини хориҷиро ташкил медиҳанд. Дар ин бора як таҳқиқоти нави Созмони байналмилалии муҳоҷират бар пояи пурсише миёни муҳоҷирони корӣ гувоҳӣ медиҳад.

Пурсишро моҳи июли имсол дар миёни беш аз 2,1 ҳазор муҳоҷири корӣ мутахассисони Созмони байналмилалии муҳоҷират анҷом додаанд, ки як идораи вобаста ба СММ мебошад. Таҳқиқоте, ки рӯзи 3 октябр нашр шуд, назари муҳоҷирони кории мухталифро дар минтақаҳои гуногуни Қазоқистон, аз ҷумла, вилоятҳои Атирау, Алмаато, Қарағанда, Қизилӯрда, Манғистау, Қазоқистони Шимолӣ, Туркистон, Қазоқистони Ғарбӣ, инчунин шаҳрҳои Остона, Шимкент ва Алмаато пурсидааст.

Гузориш мегӯяд, 50% пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки аз Узбекистон барои кор ба Қазоқистон омадааст ва 12% - аз Тоҷикистон. Боқимонда гурӯҳҳои калони муҳоҷирони корӣ аз Русия (11%), Қирғизистон (7%) ва Чин (7%) мебошанд.

Ба саволи ин ки оё то куҷо онҳо мехоҳанд кору зиндагии худро бо кори мавсимӣ дар Қазоқистон идома дода, дар вақти дигар дар ватан бошанд, беш аз нисфи пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки бо чунин шеваи кору зиндагӣ мувофиқ ҳастанд. Масалан, 59% сокинони Узбекистон ва 12%-и тоҷикистониҳо гуфтаанд, ки тарафдори рафтуомад ба Қазоқистон ҳастанд. Айни замон, аз 32% онҳое, ки гуфтаанд, мехостанд доимӣ дар ин кишвар зиндагиву кор кунанд, 38% шаҳрвандони Узбекистон, 21% шаҳрвандони Русия ва 14% шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки солҳои истиқлолият бо сабаби камии кор дар бозори дохилӣ муҳоҷирати кориро василаи муҳими даромади худу оилаашон интихоб кардаанд, асосан ба Русия мераванд. Қазоқистон дар гузоришҳои ҳукумати Тоҷикистон чун кишвари дуюме барои тоҷикистониҳо ёд мешавад, ки баъди Русия ба он ҷо барои кор мераванд. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар дар соҳаҳои сохтмон, тиҷорат ва хадамоти коммуналӣ кор мекунанд.

Шумори дақиқи муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ дар Қазоқистон маълум нест, вале соли 2022 вазорати муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, дар ин кишвар 10,5 ҳазор нафар бо мақсади кор қарор доранд.

500 доллар даромади миёна

Таҳқиқи нави Созмони байналмилалии муҳоҷират мегӯяд, 27% муҳоҷирон хориҷӣ дар Қазоқистон бидуни сабтиноми расмӣ кор мекунанд. Аксари онҳое, ки дар ҷустуҷӯи кор ба ин кишвар мераванд, муҳоҷирони ғайрикасбӣ буда, асосан дар машғулиятҳое фаро гирифта шудаанд, ки кори ҷисмониро талаб мекунад. танҳо 6% маълумоти олии донишгоҳӣ доштаанд. Айни замон, кордиҳандагон ҳам ба онҳо дар додани тамоми имтиёзҳои корӣ шитоб намекунанд ва 44% коргарони хориҷӣ бе он ки барои нафақаашон пул ҷудо шавад, кор мекунанд.

Сатҳи даромади пулии муҳоҷирон ҳам баланд набудааст. Мардон ба ҳисоби миёна моҳе 574 доллар ва занҳои муҳоҷир 490 доллар кор мекунанд.

Ин пул, ба навиштаи муҳаққиқон, бисёри онҳоро қонеъ намекунад ва ба сахтӣ харҷи рӯзгорашонро таъмин мекардаанд.

Айни замон, аксари пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки даромад дар кишвари Қазоқистоне назар ба ватани онҳо беҳтар ва фазо барои зиндагиву будубош дар ин кишвар мусоид мебошад. Вале хабарҳои мухталиф бахусус баъди ҳамла ба "Крокус сити ҳол" дар вилояти Маскав, ки масъулияти онро асосан ба дӯши шаҳрвандони Тоҷикистон бор карданд, аз рейду тафтишҳои зиёди муҳоҷирон, аз ҷумла коргарони тоҷикистонӣ дар Қазоқистон ва ҳам ихроҷ гувоҳӣ медиҳанд.

Кишвари Қазоқистон бо 20 миллион аҳолиаш як давлати ғанӣ аз нафту газ ва як давлати бисёрмиллата мебошад.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *