Шумораи қурбониёни сӯхтори клуб дар Швейтсария ба 40 кас расид
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба сӯхтор ва ҳалокати даҳҳо нафар дар як маҷмааи лижаронӣ дар Швейтсария ба ин кишвар ҳамдардӣ кардааст.
Ин ниҳод 2-юми январ дар изҳороте навишт, ба мардуми Швейтсария ҳамдардӣ ва “ба зарардидагон шифои ҳарчи зудтар таманно дорем”.
Мақомоти Швейтсария рӯзи 1-уми январ хабар доданд, ки бар асари сӯхтор дар ҷанубу ғарби ин кишвар даҳҳо кас ҷон бохтаанд. Ҳодиса дар як клуби серодам дар маҷмааи лижаронии Le Constellation рух додааст.
Тибқи иттилои ахир, дар пайи ин ҳодиса 40 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 115 нафар сахт захмӣ шудаанд. Мақомоти Швейтсария гуфтанд, шумораи қурбониён ва захмиёни метавонад бештар шавад.
Сабаби сӯхтор ҳанӯз маълум нест. Муфаттишон мегӯянд, ягон нишонаи ҳамлаи террористӣ ё қасдан оташ задани клуб феълан дар даст нест. Радиои Rhône ва Blick гузориш доданд, ки сабаби сӯхтор метавонад истифода аз маводҳои тарфгарӣ (пиротехники) бошад.
Рӯзи 2-юми январ мақомоти Швейтсария эълон каданд, ки барои ёдбуди қурбониёни ин ҳодиса дар кишвар расман панҷ рӯз мотам эълон мешавад.