Шаби гузашта Теҳрон ва чанд шаҳри дигари Эрон шоҳиди эътирозҳои густaрда шуданд. Эътирозгарон дар қисматҳои гуногуни пойтахт ба кӯчаҳо баромада, шиорҳои зиддиҳукуматӣ сар доданд. Алӣ Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон дар намози ҷумъа эътирозгаронро “як мушт вайронгар” номид.