Дархости номгузории яке аз маҳалҳои Ашт ба номи Тоҳири Абдуҷаббор
Сокинони деҳаи Ашти ноҳияи Ашт хостори ба номи Тоҳири Абдуҷаббор гузошта шудани исми яке аз кӯчаҳои ин русто шудаанд. Дар як номаи дастаҷамъӣ сокинон аз раиси ҷамоат ба унвони намояндаи ҳукумати маҳаллӣ хоҳиш кардаанд, ки кӯчаи "Масҷиди сафед"-и деҳа ба номи як фаъоли сиёсию ҷамъиятии солҳои 1980-уми Тоҷикистон табдил шавад.