Рисолаи унвонҷӯёни тоҷикро аз ин баъд "мебезанд"
![Рисолаи унвонҷӯёни тоҷикро аз ин баъд](https://gdb.rferl.org/B940DCDB-893F-4A6B-A5E5-4DED578EA8A4_w800_h450.jpg)
Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон рисолаҳои илмии чаҳор унвонҷӯро барои ба талабот ҷавобгӯ набудан рад кардааст. Дар ин миён рисолае як унвонҷӯро ба сабаби “аз барномаи антиплагиат нагузаштан” напазируфтаанд ва дархосташ барои додани унвони илмиро ҳам рад кардаанд.