Мы в Telegram
Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Декабрь
2018

Новости за 21.12.2018

Ozodi.org 

Ҳабибулло Ғуломов: "Муҳтадӣ Абдулқодиров бояд афв шавад" САДО

Муҳтадӣ Абдулқодиров – бародарзодаи Саидмукаррам Абдулқодирзода – раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аз мақомот дархост кардааст, ки ӯро афв намоянд, чун собиқаи ҷиноӣ надораду бо хоҳиши худ аз хориҷ ба ватан баргашт.

Ozodi.org 

Вазири дифои Британия: баҳри Сиёҳ моли шахсии Русия нест

Вазири дифои Британия Гэвин Уилямсон дар ҷараёни сафараш ба Украина гуфт, ки баҳри Сиёҳ моли Русия нест ва ба нишони пуштибонӣ аз Украина дар муқовимати ин кишвар бо Маскав, Британия ба баҳри Сиёҳ  киштии низомӣ фиристод.  Уилямсон рӯзи ҷумъа дар Одесса - бузургтарин бандари Украина, ки баъди ишғоли Қрим ба пойгоҳи аслии нерӯҳои дарёии ин кишвар табдил шудааст, суханронӣ кард. Хабаргузории Reuters мегӯяд,  вазири Британия таъкид кард, ки баҳри Сиёҳ бахше аз обҳои байналмилалии аст.  Киштии... Читать дальше...

Ozodi.org 

Бино ба ҳамлаи дронҳо фурудгоҳи Лондон як шабонарӯз баста шуд

Дуюмин фурудгоҳи серодами Лондон - Гатвик бино ба ҳамлаи дронҳо ё дастгоҳҳҳои бесарнишин ба хатти парвоз, 33 соат баста буд. 150 ҳазор мусофир натавонистанд ба Лондон парвоз кунанд ё аз Гатвик ба маконҳои дигар раванд. Ҳудуди 140 парвоз лағв шуд. Пулис оператори дронҳоро, ки акнун дар ростои ҳукми зиндон қарор гирифтааст, ҷустуҷӯ мекунад. Ду дрон рӯзи 19-уми декабр, соати 21:00-и вақти маҳаллӣ, дар фурудгоҳи Гатвик мушоҳида шуд. Раҳбарияти Гатвик парвозҳоро лағв кард. Ҳаракати ҳавопаймоҳо соати 3-и шаби 20-уми декабр аз сар гирифта шуд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 21-уми декабри соли 2018

Вокуниши Афғонистон ба хабари беруншавии қисте аз сарбозони амрикоӣ аз ин кишвар, ҳукми қотили муҳоҷири тоҷик дар Русия, дархости аҳрванди 91-солаи Тоҷикистон аз Президенти Беларус, тарошидани муйи сари зани узбек ва матолиби дигар.

Ozodi.org 

Гумонбари ташкили ҳамла ба Charlie Hebdo боздошт шуд

Петер Шериф - гумонбари ташкили ҳамла ба идораи маҷаллаи Charlie Hebdo, моҳи январи соли 2015 дар Порис, ки 12 нафарро қурбон кард, дар шаҳри африқоии Ҷибутӣ боздошт шуд. Матбуоти фаронсавӣ аз оғози раванди истирдоди ӯ ба Фаронса хабар дод. Талошҳо барои боздошти Петер Шериф, ки ҳамчунин бо тахаллуси Абу Ҳамза шинохта мешавад, аз соли 2011 ҷараён доранд. Ба гуфтаи ниҳодҳои ҳифзи тартиботи Фаронса, ӯ аз охири солҳои 1990 бо бародарон Куашӣ, ки ҳамла ба Charlie Hebdo-ро анҷом доданд, дӯстӣ дошт.... Читать дальше...

Ozodi.org 

"Роскомнадзор" шабакаи Би-би-си дар Русияро тафтиш мекунад

Ниҳоди танзимкунандаи матбуот дар Русия - "Роскомнадзор",  ба таҳқиқи манбаҳои  Би-би-си дар интернет ва BBC World News оғоз мекунад. Дар ин бора сомони "Роскомнадзор" рӯзи 21 декабр хабар дод. Ин ниҳод  мехоҳад муайян кунад, ки оё маводи пахшкардаи Би-би-си ба қонунгузории Русия мутобиқ аст ё не. "Роскомнадзор" нагуфтааст, ки тафтиш посух ба бархурди Лондон дар робита ба шабакаи телевизионии RT- и Русия аст. Танзимгари Британия Ofcom 10 барномаи шабакаи RT-ро, ки моҳи март-апрели соли 2018 пахш шуданд, тафтиш кард. Читать дальше...

Ozodi.org 

Осиёи Марказӣ дар пасманзари зиддиятҳои Русия ва Ғарб

Шиддати мухолифатҳо миёни бозигарони ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама Ғарбу Русия, имсол ҳам кам нашуд. Зиддиятҳо асосан бар сари буҳрони Сурия, Украина ва мушкили ҳастаии Эрон буд. Идома ёфтани танишҳо наметавонад, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сиёсатҳои чандқутбаи онҳо бе таъсир бошад.

Ozodi.org 

ИМА мехоҳад ҳузури низомияш дар Афғонистонро ду баробар кам кунад

Президенти ИМА Доналд Трамп тасмим дорад, ки бахши қобили мулоҳизаи нерӯҳои амрикоиро аз Афғонистон берун кунад. "Ин қарор қабул шудааст. Хуруҷи нерӯҳо қобили мулоҳиза хоҳад буд",- навишт хабаргузории Франс Пресс рӯзи 21 декабр. Associated Press ва Wall Street Journal  бо такя ба мақомдорони амрикоӣ хабар додаанд, ки то нисфи нерӯи 14 ҳазор нафарии ИМА аз Афғонистон хориҷ хоҳад шуд.  Рӯзи гузашта вазири дифои ИМА Ҷеймс Матис, ки гуфта мешуд бо президент Трамп дар баъзе масъалаҳо мухолифат дорад, аз мақомаш истеъфо дод. Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар Тошканд се зан мӯи сари модари танҳоро тарошиданд

Сокини Тошканди Узбекистон Шаҳзода Ҳусейнова мегӯяд, ки аз дасти се зан ноодилона ҷабр кашид, аммо пулис то ҳол ин онҳоро ҷазо надодаст.  Ин зан, ки 28 сол дорад ва ду кӯдакро танҳо бузург мекунад, зоҳиран қурбонии рашки зани дигар шудааст.  Ҳусейнова мегӯяд, ки  рӯзи 4 октябр се зан ба манзилаш ворид шуда, ӯро латтукӯб карданд ва сарашро тарошиданд. "Онҳо то ҳанӯз маро таҳдид мекунанд, аммо ба ҷавобгарӣ кашида нашуданд," -  мегӯяд Шоҳзода Ҳусейнова.   Маркази матбуотии Додситонии кулли Узбекистон ба радиои "Озодлик" гуфт... Читать дальше...

Ozodi.org 

"Silk visa"-и Узбекистону Қазоқистон аз моҳи феврал сар мешавад

Узбекистон барнома дорад, ки якҷо бо Қазоқистон сар аз моҳи феврали соли 2019 раводиди ҳамсони визаи шенген – Silk visa-ро роҳандозӣ кунад. Кафили вазифаи муовини аввали Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Узбекистон Улуғбек Қосимхоҷаев ба рӯзноманигорон гуфт, ки ҳадафи тарҳ ҷалби ҷаҳонгардони хориҷӣ аст. Дар бораи роҳандозии “раводиди абрешим” дар Осиёи Марказӣ бори нахуст моҳи июни соли равон хабар дода шуд ва аз ин тарҳ Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунанд. Тарҳ идеяи раиси кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ... Читать дальше...

Ozodi.org 

“Баъди шикояти модарам маро шиканҷа карданд” – Нома аз зиндон

“Салом. Номи ман Озод Қодиров. Баъди шикояте, ки модарам кард, масъулони маҳбас маро сахт латту кӯб карданд. Аз по зада афтонданд ва ҳар як нозир ба рӯям зада, қариб буд чашмонамро кӯр кунанд. Онҳо таҳдид карданд, ки то боқӣ мондани адои ҷазо рӯзи хуб намедиҳанд...”

Ozodi.org 

Исҳоқов: дар Кумитаи амнияту додгоҳ корҳое мегузарад, ки ҳангоми раҳбариям надида будам

Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон матни суханронии сарвазири пешини ин кишвар Сафар Исҳоқовро нашр кард, ки мансабдори зиндонӣ рӯзи 19 декабр ҳангоми мурофиаи тамдиди боздошташ ироа кард.  Исҳоқов гуфтааст, ки қасд надошт аз Қирғизистон фирор кунад ва  дархости ниҳодҳои тафтишотӣ шиносномаҳои дипломатӣ, хидматӣ ва шаҳрвандии худро ба Кумитаи амнияти Қирғизистон супурд. "15 дақиқа пеш ба бозпурсӣ ҳозир мешудам, то барои ҳабсам заминае пайдо нашавад. Дар аввал маро ба шарти берун нарафтан озод карда буданд", - изҳор дошт ӯ. Читать дальше...

Ozodi.org 

Бурунрафти нирӯҳои ИМА аз Сурия Олмонро нигарон кард

Вазири умури хориҷии Олмон Ҳайко Маас рӯзи гузашта гуфт, ки хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Сурия ба муборизаи зидди гуруҳи тундрави "Давлати Исломӣ" (ДИ) таъсири манфӣ мерасонад. Ба гуфтаи ӯ, тасмими Кохи сафед мақомоти Олмонро ба ҳайрат овард. Маас афзуд, ки мавқеи тундравон дар Сурия ба таври ҷиддӣ суст шудааст. Вале ба назари ӯ, акнун комёбшавӣ зери хатар аст. Пештар ҳукумати Фаронса гуфт, ки нерӯҳои худро аз Сурия бароварданӣ нест. Вазири Фаронса дар умури Аврупо Наталӣ Луазо дар телевизиони Cnews бо ишора ба ҳамлаи ахири Страсбург... Читать дальше...

Ozodi.org 

ВВС: Қазоқистон барои ошкор кардани эътирозҳо дастгоҳ фармоиш дод

Рахнагарони интернетӣ ё ҳакерҳо аз гуруҳи Digital Revolution мегӯянд, сервери донишкадаи илмиву таҳқиқотии "Квант"-ро, ки ба Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) тааллуқ дорад, шикастанд. Дар санадҳое, ки ин гуруҳ нашр кард, коркарди сохтор ё системаи мониторинги шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳ дода шудааст. Ҳадафи асосии ин система - ошкор ва таҳлили гароишҳои эътирозӣ аст. Чунин сохторро, ба гуфтаи Digital Revolution, "Квант" аллакай дар Қазоқистон истифода бурдааст. Ба иттилои бахши русии радиои BBC... Читать дальше...

Ozodi.org 

"Ӯзбекконсерт" ба пахши клипи "Селфӣ бо президент"-ро иҷозат надод

Шӯрои ҳунарии Муассисаи давлатии “Ӯзбекконсерт” ба намоиши намоҳанг ё клипи суруди узви гуруҳи “Боҷалар” Ҷаҳонгир Фозилҷонов, бо номи “Селфӣ бо президент”, расман иҷозат надод. Аммо ин навор рӯзи 19 декабр дар телевизиони ZO’R-TV ба намоиш медарояд. Сухангӯи Вазорати фарҳанги Узбекистон Мавлуда Аскархоҷаева гуфт, ки намоҳанги суруди Фозилҷонов – "Селфӣ бо президент" бидуни иҷозати расмӣ дар телевизиони ZO’R-TV намоиш дода мешавад. Намоиши худсаронаи клипи овозхонҳо, аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сар аз моҳи июли соли 2017 манъ шудааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Путин: "Русия пойгоҳи 201 дар Тоҷикистонро тақвият мекунад"

Владимир Путин гуфтааст, Русия пойгоҳи низомии худ дар Тоҷикистонро ба далели вазъият дар Афғонистон, тақвият хоҳад кард. Ин матлабро оқои Путин рӯзи 20-уми декабр зимни нишасти солонаи матбуотии худ баён намуд.

Ozodi.org 

Як масъули "Амонатбонк" ба 14 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳе дар шаҳри Душанбе як масъули баландпояи Бонки давлатии Тоҷикистон "Амонатбонк"-ро барои аз худ намудани маблағҳо барои 14 сол равонаи зиндон кард. Ҳукми додгоҳ дар нисбати ӯ 10-уми декабр содир шуда, аллакай қувваи қонунӣ гирифтааст. Як манбаъ аз додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 21-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ Зоирзода Салоҳидин Бақоро барои аз худ кардани маблағҳои ин бонк гунаҳкор кардааст. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, Зоирзода дар "Амонатбонк" аз соли 2015 то моҳи майи... Читать дальше...

Ozodi.org 

Як медали тилло ва як нуқраи паҳлавонони тоҷик дар Бишкек

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштии камарбандӣ «Алиш», ки 19-уми декабр дар Қасри варзиши ба номи Кожомқули шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд, як медали тилло ва як медали нуқра ба даст оварданд.

Ozodi.org 

Вазири дифои Амрико истеъфо дод

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбеи 20-уми декабр гуфтааст, Ҷеймс Маттис, вазири дифои он кишвар то моҳи феврал аз мақомаш канор хоҳад рафт.


Полицейские в ходе рейда выявили 56 нарушений миграционного законодательства

Фестиваль «Прожектор» пройдет в парке «Кузьминки» 15 июня

Валиева анонсировала своё новое шоу про путешествия

Проект «Азориан». Как ЦРУ пыталось поднять советскую подлодку К-129



Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Экономия при добросовестной аренде: город отменил предпринимателям обеспечительные платежи

Проект «Азориан». Как ЦРУ пыталось поднять советскую подлодку К-129

Яна Рудковская: фигуристка Парсегова обязана вернуть академии Плющенко деньги

«Опасные воды», «Бар МоскваЧики», «Игра королевы»: что посмотреть в кинотеатрах

Музыкальные новости

Об отношении к русским в Азербайджане

Юлия Пересильд, московский Театр на Таганке, ММОМА – участники 3-его фестиваля «Территория. Красноярск» раскрывают грани современного искусства

В аэропорту Пулково 12 рейсов задержали и отменили еще один

Фонд «Восход» выпустил на «Атомайз» первые в России венчурные ЦФА

Новости России

Валиева анонсировала своё новое шоу про путешествия

Экономия при добросовестной аренде: город отменил предпринимателям обеспечительные платежи

Полицейские в ходе рейда выявили 56 нарушений миграционного законодательства

Собянин: Более 220 единиц медтехники начали использовать больницы и поликлиники

Экология в России и мире

CЛД «Печора» филиала «Северный» ООО «ЛокоТех-Сервис» получило сертификацию для технического обслуживания локомотивов серии 2ТЭ25КМ в объёме ТО-2.

Антисанитария в службах доставки: токсиколог Кутушов рассказал, почему опасно заказывать еду

Антисанитария в службах доставки: токсиколог Кутушов рассказал, почему опасно заказывать еду

Производители кроссовок New Balance и Under Armour подали около 1000 исков к российским продавцам

Спорт в России и мире

Ига Свентек в четвертый раз выиграла Открытый чемпионат Франции по теннису

«Он никогда не снимается с турниров». Циципас прокомментировал травму Джоковича

Уимблдон и Олимпиада? Что нужно знать о планах Рыбакиной после Ролан Гаррос

Янник Синнер высказался о первом месте в рейтинге ATP и травме Новака Джоковича

Moscow.media

Российский астроном рассказал о редком солнечном событии

Филиал № 4 ОСФР по Москве и Московской области информирует: С начала года более 4,7 тысячи жителей Московского региона оформили страховую пенсию в автоматическом режиме на портале госуслуг

Остров Огой.

Сотрудники военных следственных органов Следственного комитета России по всей стране оказывают помощь подшефным детским учреждениям







Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *