Дугоники ба ҳам часпидаро дар Тоҷикистон ҷудо карданд; яке зинда монд. ВИДЕО
Пизишкони тоҷик бо анҷоми амалиёти, ба гуфтаашон, нодир дар Тоҷикистон ду тифли бо ҳам пайванд ё часпидаро аз бадани якдигар ҷудо карданд, вале танҳо яке аз онҳо зинда монд. Навзоди солимро Саёҳат ном ниҳоданд.