Теъдоди қурбониёни зилзила аз 15 ҳазор нафар гузашт
Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Туркия эълон кард, ки шумораи қурбониёни зилзила дар ин кишвар ба 12 ҳазору 391 кас ва теъдоди захмиҳо ба 62 ҳазору 914 нафар расид. Дар Сурия аз кашфи 3042 ҷасад аз зери вайронаҳо хабар доданд. Шумори захмиҳои зилзила дар Сурия 5635 тан эълон шуд.