Рамазон Қодиров духтарашро нозири соҳаи тандурустӣ таъйин кард
Рамазон Қодиров, роҳбари Чеченистони Русия, духтараш Хутмат Қодироваи 20-соларо нозири бахши ҳифзи тандурустӣ таъйин кард. Дар ин бора раиси ҳукумати Чеченистон Адам Алханов хабар дод, ки ҳамзамон домоди Рамазон Қодиров аст.