Мудири бемористони Сино аз фасоду ношаффофӣ гуфт
Қисмати дуввуми хотираҳои Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони Ибни Сино ва аз соҳибкорони муваффақи кишвар нашр шуд. “Ҳаводиси рӯзгори ман” китоби ёддоштӣ аст, аммо равандҳои муҳими Тоҷикистонро дар тақрибан 30 соли охир бозгӯ мекунад. Муаллиф дар он рӯзҳои сахти солҳои 90-ум, шебу фарозиҳои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, фасод, рукуди фарҳанг, сатҳи поини таълим, иштибоҳҳо дар давраи COVID-19 ва бисёр масъалаҳои дигарро баррасӣ кардааст.
Зимни суҳбат боАбдухалил Холиқзода хабарнигори Озодӣ нахуст аз ӯ дар бораи ҳадафи таълифи чунин як ёддоште пурсид.