Вазири тоҷик аз муомилаи дурушти ронандагон интиқод кардааст
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз тарзи муоширати ронандагони нақлиётҳои ҷамъиятӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Вазир дар ҷаласае, ки ҳафтаи гузашта баргузор шудааст, гуфтааст, корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд пурзӯр гарданду дарсҳои 20-соата дар ҷамъиятҳо бо ронандагон беҳтару зиёдтар гузаронда шаванд. Ба навиштаи дафтари матбуотии Вазорат, вазир аз шеваи муоширати баъзе мусофирон ҳам интиқод кардааст. Ҷузъиёти бештари ҷаласа бо ҳузури роҳбарони ширкатҳои мусофиркашонӣ маълум нест. Рӯшан нест, ки мақомот барои ҳалли масъала дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ чӣ чора меандешанд. Мақомот дар моҳҳои ахир чандин ронандагони нақлиётҳои ҷамъиятӣ дар пойтахтро барои дағалона муносибат кардан бо мусофирон аз кор озод карданд ё ҷарима бастанд. Дар наворҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, ки ронандагон бар сари маблағи роҳкиро, бақия, зиёд гирифтани мусофир ва масъалаҳои дигар бо мусофирон вориди баҳс мешаванд. Баъзе ронандагон мусофиронро дар ин кор гунаҳкор мекунанд, мусофирон бошад баръакс.