Доналд Трамп гуфт, бегуноҳ ва "ҷабрдида" аст
![Доналд Трамп гуфт, бегуноҳ ва](https://gdb.rferl.org/01000000-0aff-0242-19ba-08db35da33b7_tv_w800_h450.jpg)
Доналд Трамп, президенти собиқи Амрико шоми чоруми апрел дар додгоҳ иттиҳоми эълоншуда алайҳашро рад кард ва гуфт бегуноҳ аст. Трамп парвандаашро сиёсӣ хонд ва гуфт ин кори рақибонаш ҳаст, ки мехоҳанд, монеи ширкати ӯ дар интихоботи президентии соли 2024 шаванд.