"Об вақте омад, ки ҳама чиз хушкида буд." Шикояти як ноҳияи назди марзи Қирғизистон. ВИДЕО
![](https://gdb.rferl.org/01000000-0a00-0242-842f-08db73d11dc1_w800_h450.jpg)
Сокинони як ноҳияи наздимарзии Тоҷикистон шикоят доранд, ки ба сабаби беобӣ замини кишташон хушкид ва меваи дарахтон нопухта пажмурда гардид. Ноҳияи Ҷаббор Расулов дар вилояти Суғд бо вилояти Бодканди Қирғизистон ҳамсарҳад аст.