Фазопаймои "Луна-25" дар Моҳ ба садама дучор шуд
"Роскосмос" хабар дод, ки робита бо пойгоҳи байнисайёраии "Луна-25" канда шудааст ва макони ҷойгиршавии дастгоҳ маълум нест.
Дар "Роскосмос" мегӯянд, киштии кайҳонӣ "ба мадори дигар ворид шуд ва дар натиҷаи бархурд бо қишри болоии Моҳ мавҷудияташро қатъ кард".
Як рӯз пеш аз бархурд дар "Роскосмос" гуфтанд, киштии кайҳонии "Луна-25" ба мушкил гирифтор шудааст.
Як ҳайат дар "Роскосмос" сабабҳои суқути пойгоҳро меомӯзад.
Нахустин ирсоли маъмурият дар таърихи мустақилии Русия ба Моҳ субҳи рӯзи ҷумъаи 11 август аз космодроми Шарқӣ сурат гирифта буд. Қарор буд, як ҳафта баъд дастгоҳ дар қисмати ҷанубии Моҳ фуруд ояд, хокро ташхис кунад ва ба пажуҳиши тӯлонӣ дар рӯи Моҳ пардозад.
Расонаҳо менависанд, нишасти пешини дастгоҳҳо дар Моҳ дар наздикии хати экватории Моҳ сурат гирифтааст.
Наздики ним аср пеш дастгоҳи шӯравии "Луна-24" намунаҳои хоки Моҳро ба Замин оварда буд. Омӯзиши он хок, ба гуфтаи олимони шӯравӣ, имкон дода буд, ки мавҷудияти об дар Моҳ исбот шавад.