Варзишгарони тоҷик мақсад доранд дар Олимпиадаи Порис-2024 медал бигиранд
Дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми августи имсол дар пойтахти Фаронса шаҳри Порис баргузор мешаванд, беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвар барои 329 маҷмуи медалҳо дар 32 намуди варзиш мубориза хоҳанд бурд.