Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

"Хуттали Қадим" ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд

Ёдгориҳои мероси фарҳангии "Хуттали Қадим" ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО), ворид гардид.

Ба иттилои Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, ёдгориҳои мероси фарҳангии "Хуттали Қадим", рӯзи 11 июл дар ҷаласаи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар Порис -- пойтахти Фаронса, шомили ин феҳрист шуд.

Тавре Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО мегӯяд, номинаи мазкур 11 ёдгориҳои бостоншиносӣ ва меъмории воқеъ дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлонро дар бар мегирад.

Инҳо Дайри Буддоии Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратепа, Қалъаи Золи Зард, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа ва Дайри Буддоии Хишттеппа мебошанд.

"Хуттали Қадим" панҷумин мавзеи Тоҷикистон аст, ки ҳамчун мероси ҷаҳонӣ муаррифӣ мешавад.

Ёдгории табиии "Боғи миллии Тоҷикистон", шаҳри бостонии Саразм, инчунин мусиқии миллии "Шашмақом", ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, таоми миллии "Оши палов" ва "Чакан, санъати зардӯзӣ дар Тоҷикистон", аз ҷумлаи дигар мероси фарҳангии мардуми тоҷик ба шумор мераванд, ки аз сӯи ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ҷаҳонии башарият ворид гардидаанд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *