Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни устодон 10 медал гирифтанд

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни устодон, ки рӯзҳои 24-26-уми октябр дар шаҳри Бухорои Узбекистон баргузор шуд, 10 медал (2 тило, 1 нуқра ва 7 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилали самбо (FIAS), дар мусобиқоти қаҳрамонии устодони самбо, ки дар маҷмааи варзишии «Универсал»-и Бухоро сурат гирифт, наздики 500 гуштигири аз 35-сола боло аз 18 кишвар аз рӯи ҳафт дараҷаи вазнҳо дар ҳафт гурӯҳ рақобат карданд.

Ду медали тилоро дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Нодир Чоршанбиев дар вазни то 88 кило дар гурӯҳи М5 ва Хайрулло Назриев дар вазни +98 кило дар гурӯҳи М6 гирифтанд. Дар даври ниҳоӣ Чоршанбиев бар Бағдод Сардорбеков аз Қазоқистон ва Назриев бар Виктор Гистемулте аз Mолдова пирӯз шуданд.

Ягона медали нуқра ба Хушнуд Сафоев марбут аст. Вай дар вазни то 98 кило дар гурӯҳи М2 мақоми дуюмро касб намуд.

Ҳафт медали биринҷиро Алишер Ғарибшоев (-79 кг) дар гурӯҳи М1, Замонҷон Умаров (-71 кг) дар гурӯҳи М2, Муҳаммад Маҳмарасулов (-64 кг) дар гурӯҳи М3, Шариф Қурбонов (+98 кг) дар гурӯҳи М5, Тиркаш Авғонов, Фарҳод Ризозода (ҳарду дар вазни то 98 кг) дар гурӯҳи М6 ва Расул Ҳодизода (-71 кг) дар гурӯҳи М7 ба даст оварданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни устодон аз Тоҷикистон:

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни устодон-собиқадорон, ки рӯзҳои 25-27-уми октябри соли 2024-ум дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе доир шуд, 41 медал (11 тило, 10 нуқра ва 20 биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Рақобатҳо миёни паҳлавонони аз 35-сола боло аз рӯи ҳафт дараҷаи синну сол дар шаш вазн сурат гирифт.

Гуштии самбо дар Тоҷикистон аз соли 1967 роҳандозӣ шудааст. Ҳоло дар кишвар беш аз 4000 нафар ба самбо шуғл меварзанд.

Варзишгарони тоҷик дар ин ришта ҳам дар аҳди шӯравӣ ва ҳам дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба комёбиҳои назаррас даст ёфтаанд. Саидмуъмин Раҳимов, Беҳрӯзи Хоҷазода, Хушқадам Хусравов ва Акмалиддин Каримов қаҳрамонони самбои ҷаҳон шудаанд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *