Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба нишасти "С5+1" ба Вашингтон рафт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 5-уми ноябр ба Вашингтон, маркази Иёлоти Муттаҳида рафтааст.

Ӯ ва ҳамтоёнаш аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ рӯзи шашуми ноябр дар нишасти "С5+1" ширкат хоҳанд кард. Ин қолаб панҷ кишвари минтақа ва Амрикоро дар бар мегирад ва аз соли 2015 фаъол аст.

Дар оғоз танҳо вазирони корҳои хориҷии ИМА бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дидору мулоқот мекарданд. Ҷо Байден, президенти пешини Амрико, бори аввал моҳи сентябри соли 2023 бо сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар қолаби "С5+1" дар Ню-Йорк мулоқот кард.

Қарор аст, ин навбат дидору суҳбати раҳбарони Осиёи Марказӣ бо Доналд Трамп, президенти Амрико, сурат гирад.

Мавзӯи асосии суҳбат маълум нест, вале Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз ширкатдорони нишасти президентҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико даъват кард, ки дар баробари ҳамкориҳои иқтисодию амниятӣ, ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишварҳо низ тамаркуз кунанд.

Иёлоти Муттаҳида ҳар сол дар бахшҳои гуногун садҳо миллион долар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак мекунад. Бо ин вуҷуд, Вашингтон дар гузоришҳои солонааш кишварҳои Осиёи Марказиро барои поймоли ҳуқуқи башар, маҳдудияти озодии сухану озодии дин танқид мекунад.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *