Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Иштироки 9 паҳлавони тоҷик дар Abu Dhabi Grand Slam 2025

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти силсилаи ҷаҳонии “Тоскулоҳи бузург” (Abu Dhabi Grand Slam 2025), ки аз 28-ум то 30-юми ноябр дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Дар ин мусобиқот, ки бори даҳум бо мақоми "Grand Slam" ё "Тоскулоҳи бузург" доир мегардад, иштироки беш аз 388 варзишгар (231 мард ва 157 зан) аз 52 кишвар дар назар аст. Рақобатҳои инфиродӣ дар 7 вазн байни мардон ва дар 7 вазн миёни занон сурат мегирад.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 9 гуштигир дохил аст, ки аз рӯйи 5 вазн миёни мардон рақобат хоҳад кард: Меҳрзод Сӯфиев (дар вазни то 60 кило), Абӯбакр Шеров, Муҳиддин Асадуллоев (ҳарду дар вазни то 73 кило), Суннатулло Мӯсоев, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 81 кило), Абдулаҳад Маҷидов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (ҳарду дар вазни то 90 кило), Сомонӣ Кишваров ва Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни то 100 кило).

Иштирок дар Abu Dhabi Grand Slam 2025 марҳилаи муҳим барои омодагӣ ба мавсими нав маҳсуб меёбад. Ин мусобиқот дар "Mubadala Arena", ки борҳо макони мусобиқаҳои пурнуфузи ҷаҳонӣ гаштааст, баргузор мешавад.

Барномаи Abu Dhabi Grand Slam 2025 :

28-уми ноябр (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.

29-уми ноябр (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.

30-юми ноябр (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқот 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба варзишгарон барои медали тилло 5 ҳазор евро, медали нуқра - 3 ҳазор ва нишони биринҷӣ - 1500 евро ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад.

Ҳамчунин, варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар феҳристи ҷаҳонӣ соҳиби имтиёзҳо мешаванд. Ғолибон 1000 имтиёз, барандагони ҷойи дуюм 700 имтиёз, ҷойи сеюм 500 имтиёз мегиранд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam 2024”, ки моҳи октябри соли гузашта дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ - шаҳри Абузабӣ – баргузор шуд, се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд.

Медали нуқраро Абубакр Шеров дар вазни то 73 кило гирифт. Обид Ҷебов дар вазни то 66 кило ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *