Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Пешниҳоди Доналд Трамп барои тағйири сиёсати муҳоҷират ба Амрико

Рӯзи панҷшанбе 27-уми ноябр Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки ҳукумати зери раҳбарии ӯ пешниҳод мекунад, ки дигар муҳоҷирати шаҳрвандони ба истилоҳ "ҷаҳони саввум" ба кишвар иҷоза дода нашавад.

Ӯ дар шабакаи иҷтимоии худаш бо номи “Truth Social” навишт, имтиёзу кӯмакҳо ба афродеро, ки шаҳрванди Амрико нестанд, қатъ мекунад. Президенти Амрико ҳамчунон ҳушдор додааст, "муҳоҷироне, ки шаҳрванди Амрико ҳастанд, вале сабабгори нороҳатӣ дар кишвар ва таҳдид ба амният ба шумор мераванд ва ё фарҳангу тамаддуни ғарбиро қабул надоранд, аз шаҳрвандии Амрико маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ мешаванд.”

Ин изҳороти Трамп пас аз он садо дод, ки муҳоҷир аз Афғонистон дар маркази шаҳри Вашингтон ба сарбозони Горди Миллӣ бо силоҳи оташфишон ҳамла кард. Дар натиҷа яке ҳалок ва дигарӣ маҷруҳ шуд. Шоми панҷшанбе дар бораи марги сарбози маҷрӯҳ Доналд Трамп хабар дод. Ӯ гуфт: "Сара Бекстром аз аёлати Вирҷинияи ғарбӣ - яке аз аъзои Горди миллӣ, инсони мӯҳтарам, бокаромат ва пешқадам, ки хизматро дар моҳи июни соли 2023 оғоз карда буд, аз захмҳои бардоштааш даргузашт."

Ба гуфтаи раисҷумҳури Амрико узви дигари Горди Миллӣ, ки дар тирандозии рӯзи 26-уми ноябр ҷароҳат бардошта буд, Андрю Волфи 24-сол аст, ки табибон барои наҷоташ мубориза мебаранд. Вазорати амнияти дохилии Амрико иброз дошт, ки фарди муттаҳам бо ҳамла Раҳмонуллоҳ Лаканволи 29-сола, ки дар тирандозӣ бо сарбозони Горди миллӣ захмӣ шуд, ҳоло дар боздошт аст.

Ба қавли Трамп, Лаканвол моҳи сентябри соли 2021-ум вақти хуруҷи бесарусомони нерӯҳои Амрико аз Афғонистон ва сари қудрат омадани Толибон ба Амрико кӯч бастааст. Трамп афзуд, ки акнун ҳукумати зери раҳбарии ӯ парвандаҳои тамоми шаҳрвандони Афғонистонро, ки дар давраи раёсатҷумҳурии Ҷо Байден ба Амрико муҳоҷират кардаанд, бозбинӣ мекунад.

Ба навиштаи хабаргузории Ройтерс, Лаканвол 10 сол дар артиши Афғонистон хидмат ва дар он давра ба нерӯҳои вижаи Амрико кумак кардааст. Ҷон Редклиф, мудири Хадамоти Истихборотии Амрико тасдиқ кард, ки Лаканвол дар амалиёти нерӯҳои амрикоии мустақар дар Афғонистон ширкат кардааст.

Рӯзи 27-уми ноябр Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Амрико дар аёлати Вашингтон, ки дар он ҷо Лаканвол бо ҳамсар ва панҷ фарзандаш зиндагӣ мекард ва шаҳри Сан-Диегои аёлати Калифорния якчанд хонаро тафтиш кард. Каш Пател раиси Хадамоти Таҳқиқоти Федеролӣ гуфт, муфаттишон бо наздикони муттаҳам суҳбат кардаанд.

Додситони шаҳри Вашингтон таъкид кард, ки Лаканвол дар маркази Вашингтон ҳадафмандона сарбозони Горди Миллиро ҳадаф гирифтааст. Акнун шуморе аз афғонистониҳои муқими Амрико хавф доранд, ки зери фишор қарор гирифта, бо ҳамлаҳои интиқомҷӯёна рӯбарӯ мешаванд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *