Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Ба хонаводаи афсари кушташуда дар Хоруғ хона доданд

Мақомот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эълон карданд, ки ба хонаводаи Зиреҳбон Наврӯзбеков, як афсари Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта дар даргирӣ бо афроди мусаллаҳ дар марз бо Афғонистон кушта шуд, хона тақдим кардаанд.

Тибқи хабаре, ки дар сафҳаи фейсбуки мақомоти иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нашр шуд, ба хонаводаи ин афсари кушташуда дар шаҳри Хоруғ хонаи дуҳуҷрагӣ дода шудааст. Дар хабар омадааст, ки мақомот дар оянда ба хонаводаи афсари кушташуда кӯмак хоҳанд кард.

Зиреҳбон Наврӯзбеков ва Исматулло Қурбонов, ду афсари Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ рӯзи 24 декабр дар даргирӣ бо афроди мусаллаҳ дар наздикии мавзеи Қавоқ дар ноҳияи Шамсиддин кушта шудаанд. Мақомоти тоҷик ҳамлаваронро "гурӯҳи террористӣ" ном бурданд.

Бар пояи иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ, Зиреҳбон Наврӯзбекови 33-сола бо зарби шаш тир ба ҳалокат расидааст. Ӯ зодаи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва пайкарашро баъди ташхису шиносоӣ ба зодгоҳаш фиристоданд.

Исматулло Қурбонови 28-сола дар ин ҳодиса ба ҷуқурии 200-метрии яке аз ғорҳои минтақа афтода буд ва як рӯз баъд ҷасади ӯро берун оварданд ва дар зодгоҳаш ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба хок супурданд.

Ҳардуи ин афсарон дар қисми марзбонии "Саричашма" адои хидмат мекарданд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *