Садамае ду сол боз як модару писарро дар ҳолати танги зиндагӣ қарор додааст. Насим Оқилов дар пайи як сонеҳа аз навоҳии сар ва пояш сахт захм бардошт ва аз ҳаракат бозмонд. Модараш мегӯяд, ҳарчанд ӯ ҷароҳат гирифт, вале мақомот ронандаро бегуноҳ эълон карданд.