Дар Тоҷикистон барои 100 ҳазор нафар мактабу синф сохтаанд, вале нокофӣ
Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон гуфтааст, ки соли 2025 дар кишвар барои тақрибан 100 000 муҳассил мактаб ва ё синфхонаҳои нав сохтаанд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 23-уми январ бо нашри баёнияе аз ҷараёни нишасти солонаи ҳукумат навиштааст: “Соли 2025 дар мамлакат 214 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 99 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд.”
Дар Тоҷикистон, ки солона то 250 ҳазор тифл ба дунё меояд, норасоии мактабу кӯдакистон як мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад. Дар баъзе аз мактабҳои кишвар дар як синф бештар аз 40 нафар ҳам таҳсил мекунанд ва ҷойи нишаст низ барои иддае намерасад.
Низомномаи мактабҳои миёна шумораи ҳадди аксари хонандагонро дар як синф барои шаҳрҳо 25 донишомӯз муқаррар кардааст. Дар аксари мактабҳои Душанбе ин теъдод аз 30 боло буда ба 40-45 ва бештар аз он низ мерасад.
Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта гуфтааст, дар Тоҷикистон бояд ба ҳисоби миёна ҳар сол бояд зиёда аз 380 муассисаи таълимӣ бунёд шавад, то фарзандони мардум дар мактаб дуруст нишаста, дарс бихонанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон 4056 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд. Айни замон бештар аз 250 мактаби ҳамагонӣ дар нимавайрон буда ва бинои 351 мактаби дигар ба таъмири асосӣ эҳтиёҷ доштаанд.