Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Тоҷикистон хабари марги 16 афғонистониро дар кони ангишт рад кард

Санъат Раҳим, раиси Хадамоти бехатарии кор дар саноат ва кӯҳкорӣ кушта шудани 16 шаҳрванди Афғонистонро дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон рад кард.

Ӯ рӯзи 27-уми январ зимни сӯҳбат дар нишасти солонаи хабарии ин ниҳод дар Душанбе гуфт: “Дар мо сабт нашудааст. Мо дар ҷамъбасти шашмоҳа иттилоъ дода будам, ки дар мо нест. Гарчанде ки мо ба прокуратураи ноҳия, шӯъбаи корҳои дохилӣ, роҳбарияти Комбинати металлургӣ муроҷиат кардем, пурсидем, ки ҳамин гуна хабарҳо ҳаст, ки шаҳрвандони Афғонистон дар ин ҷо ҳалок шудаанд. Гуфтанд чунин ахбор нест, ин шаҳрвандон дар ин ҷо кор намекунанд.”

Рад кардани фавти шаҳрвандони Афғонистон дар ҳолест, ки телевизиони Афғонистон интернешнл дар як матлаб аз ду таркиш дар конҳои марбут ба Комбинати металлургии тоҷик дар ноҳияи Айнӣ дар моҳи май ва ноябри соли гузашта бо нашри ному насаб ва аксу видео хабар дода буд.

Санъат Раҳим, раиси Хадамоти бехатарии корҳо дар саноат ва кӯҳкорӣ: “Мо дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунем. Афғонистон ҳуқуқ дорад, чизе бихоҳад, дар бораи худаш бинависад. Ман ба шумо дар бораи Тоҷикистон гап мезанам, дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон гап зада истодаам. Дар ваколати ман ҳифзи шаҳрвандони дигар давлат намедарояд.

Расонаҳои Афғонистон як далели марги ин шаҳрвандонро берун аз қоидаҳои фанниву муҳандисӣ кор кардан ном бурдаанд. Ба иддаои онҳо, ҳамаи ин шаҳрвандон ба таври қочоқӣ, бидуни ҳифз шудани ҳуқуқи корӣ вориди Тоҷикистон шудаанд. Ҳарчанд раиси хадамот ин иттилоро нодуруст номид, фалокатҳои дигар дар коргоҳҳои марбут ба Комбинати металлургиии тоҷикро таъйид кард.

Ӯ гуфт: “Лекин ҳодисаҳои нохуш ҳаст. Дар он ҷо 30-уми июли соли 2025 ҳангоми истеъмоли хӯроки шабона дар утоқи сайёр, ки дар дохили он устои баст Ғаюров Такбир, ронандаи экскаватор Шамсиддинов Иззат, пармагар Мӯминов Ғуфрон, ронандагон Акрамов Баҳриддин ва Баҳовуддинов Фатҳуллоҳ қарор доштанд, фурӯ рафт ва онҳо зери ҷинсҳои кӯҳӣ монда, ба ҳалокат расиданд.”

Дар маҷмӯъ, соли 2025 дар маъдану корхонаҳои Тоҷикистон бар асари 46 ҳодисаи нохуш 40 тан ҳалок шудаву 27 кас захм бардоштаанд. Ҳашт тасодуф дар нерӯгоҳи "Роғун" рух додааст. Дар миёни фавтидаҳо 7 шаҳрванди хориҷӣ низ ҳаст, ки 5 тани онҳо чинӣ ва ду нафари дигар аз Эрон будаанд. Аммо омори 16 шаҳрванди Афғонистон дар ин рӯйхат ворид нашудааст. Санҷиши мустақилонаи ин омор имконпазир нест.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *