Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Пирӯзии бонуи тоҷик дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ дар Маскав

Миҷгона Самадова, бонуи 27-солаи тоҷик, дар мусобиқаи касбии Созмони байналмилалии бокс (IBA Pro 14) дар шаҳри Маскав бар намояндаи Русия Даря Абрамоваи 35-сола ғалаба кард.

Муҳориба аз шаш раунд иборат буд ва дар ҷараёни он муштзани тоҷик маҳорати хуб нишон дода, бо қарори якдилонаи доварон ғолиб дониста шуд. Ин комёбӣ қадами муҳиме дар идомаи корномаи варзишии Миҷгона Самадова дар бокси ҳирфаӣ мегардад.

Бояд зикр намуд, Миҷгона Самадова дар риштаи бокси ҳаваскорӣ дар мусобиқоти байналмилалӣ ба як қатор дастовардҳо мушарраф шудааст. Ӯ барандаи дукаратаи Ҷоми ҷаҳон дар риштаҳои бокс ва кикбоксинг байни духтарон буда, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё соли 2021 медали биринҷӣ гирифтааст.

Инчунин Миҷгона Самадова дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки соли 2023 дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор шуд, дар мусобиқаи занон дар вазни то 57 кило медали биринҷӣ ба даст овардааст.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки соли гузашта дар шаҳри Ниши Сербия доир гардид, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт ва бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 10 ҳазор доллар сарфароз гашт.

Миҷгона Самадова ба Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса роҳхат гирифта буд. Вай дар аввалин рақобаташ дар вазни то 57 кило аз Алиса Мендозаи амрикоӣ бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуда, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

Ин муштзани тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки соли 2024 дар шаҳри Чиангмайи Тайланд доир шуд, дар сабқати занон дар вазни то 57 кило дар даври аввал намояндаи Қатар Дана Ал-Ҷаббор Ҳошимро мағлуб намуда, дар даври чаҳорякниҳоӣ аз муштзани узбек Нигина Уктамова шикаст хӯрд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *