Бритониё даҳ мақом ва як ниҳоди амниятии Эронро таҳрим кард
Бритониё рӯзи дуюми феврал даҳ нафар ва як ниҳоди амниятии давлатии Эронро дар феҳристи таҳримҳои худ қарор дод.
Тибқи эълони расмии ҳукумати Бритониё, таҳримҳои нави ин кишвар фармондеҳони интизомии Ҷумҳурии исломии Эрон ва бархе аз афродро бинобар "нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар" ҳадаф қарор медиҳад.
Ин афрод аз ҷумла, ба саркӯби озодиҳои баён ва гирдиҳамоиҳои осоишта муттаҳам мешаванд.
Дар феҳристи ин таҳримҳо, Искандар Муъминӣ, вазири корҳои дохилӣ ва Бобаки Занҷонӣ, сармоядор ва тоҷири эронӣ низ шомил ҳастанд.
Тибқи ин таҳримҳо, дороиҳои ин афрод масдуд мешавад ва онҳо аз ҳаққи сафар маҳрум ҳастанд.
Бритониё пештар ҳушдор дода буд, ки дар сурати идомаи нақзи ҳуқуқи башар, таҳримҳо алайҳи Эронро сахттар мекунад.