Эълони ҳукми гумонбарони ҳамла ба "Крокус Сити Ҳол"
Додгоҳи ҳарбии Русия рӯзи 12-уми март чор гумонбари ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳол"-ро дар соли 2024 ба ҳабси абад маҳкум кард.
Хабаргузории расмии ТАСС аз толори додгоҳ навишт, инҳо Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов ва Саидакрам Раҷабализода мебошанд.
Дар курсии айбдорӣ 19 нафар нишастаанд, ки аксарашон зодагони Тоҷикистон ҳастанд. Онҳо ба тарҳрезиву мусоидат ва анҷоми ҳамлаи террористӣ муттаҳам мешаванд.
Муҳокимаи гумонбарон аз моҳи августи 2025 дар Додгоҳи дуюми ҳавзаи ғарбии низомӣ дар Маскав ҷараён дошт. Баъзе аз расонаҳои Русия навишта буданд, ки гумонбарон хоҳони сабук кардани ҷазо ҳастанд.
Дар ҳамлаи террористӣ ба "Крокус" дар канори Маскав дар рӯзи 22-юми марти соли 2024-ум 150 нафар нафар кушта ва 609 кас маҷруҳ шуданд.
Нерӯҳои қудратии Русия ҳангоми боздошти гумонбарон даст ба азияту шиканҷаи бераҳмонаи онҳо заданд ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба мисли Human Rights Watch гуфтанд, ки ба эътирофи гумонбарон бовар кардан душвор аст.