"Ба танаш се корд задаанд." Дафни табиби кушташудаи тоҷик
Адолат Ҳамидова, пизишки 54-солаи тоҷикро, ки рӯзи 12-уми март дар Афғонистон кушта шуд, дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб дафн кардаанд.
Пайвандон ва ҳамкоронаш рӯзи 16-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ ҳашт соли охир дар як бемористони хусусӣ дар ноҳияи Имом Соҳиб пизишки занон буд. Ин ноҳияи Афғонистон дар наздикии марзи Тоҷикистон ҷойгир аст.
"Аз тарафи шахсони ношинос дар хонааш кушта шудааст. Як корд дар пушташ задаанд, ду зарбаи дигар дар тарафи дил," -- гуфт яке аз пайвандонаш.
Ба қавли мусоҳиби мо, ҳамсояҳо бо шунидани садои доду фарёд ба кумаки Адолат Ҳамидова шитофта, ӯро ба бемористон бурдаанд, вале наҷот дода натавонистаанд.
"Ният дошт, ки барои таҷлил аз Иди Фитр ва дидани духтару хонаводааш ба Тоҷикистон биояд, аммо рӯзи 13-уми март пайкарашро оварданд," – афзуд ӯ.
Адолат Ҳамидова як духтари чордаҳсола дорад ва ҳамроҳи хонаводааш дар шаҳри Кӯлоб аст.
Ҳамсари ин табиби тоҷик шаҳрванди Афғонистон аст ва гуё дар пайванд ба қатли Адолат Ҳамидова дар боздошт қарор доштааст.
Сабабҳои кушта шудани зан маълум нест.
Мақомоти Тоҷикистон ва намояндагони "Толибон" расман шарҳе надодаанд.
Хадамоти тандурустӣ дар Афғонистон бавижа дар бахши занон бо камбуди шадиди табибон рӯбарӯст. Вазорати тандурустии ҳукумати "Толибон" дар охири соли 2024 эълон кард, ки духтарон дигар иҷозаи таҳсил дар омӯзишгоҳҳои тиббиро надоранд.
Садҳо пизишки тоҷик дар ҷустуҷӯйи кор ва маоши муносиб ба Русия ва кишварҳои дигар, аз ҷумла минтақаҳои ноороме чун Яман ва Афғонистон мераванд. Дар ҳоле ки дар баъзе аз шифохонаҳои рустову ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон мутахассисон намерасанд.