Добавить новость
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

90 соли театри тоҷик. "Як қадам ба пеш, ду қадам ба қафо"? ВИДЕО

90 соли театри тоҷик.

Дар Тоҷикистон аз 90-умин солгарди таъсиси театр дар кишвар таҷлил карданд. Соҳибназарон мегӯянд, театри тоҷик дар ин муддат марҳилаҳои гуногунро гузашта, феълан бо мушкилоти фаровоне рӯбарӯст. Набудани саҳнаҳои ҷолибу диданӣ, маоши ками ҳунармандон, сензураи нонавишта ба мавзуъҳои сиёсӣ ва кам будани тамошобинон аз мушкили онҳо гуфта мешавад. Вале мақомот ҳамеша гуфтаанд, ки театр бахши муҳими фарҳанг аст ва онҳо барои рушди он тамоми талоши худро кардаанд.

Маросими таҷлил аз 90-солагии театри тоҷик шоми 7-уми ноябр дар бинои театри ба номи Лоҳутӣ дар Душанбе баргузор шуд. Дар он ҳунарпешагон, мақомоти расмӣ ва фарҳангшиносон иштирок карданд.

Ортиқи Қодир, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбе гуфт, марҳилаи нахустини пайдо шудани театр аз барномаҳои таблиғотӣ иборат буд. Вай афзуд, тадриҷан ба театр чеҳраҳои саршиноси фарҳангии тоҷик ба монанди Ғанӣ Абдулло ва Абулқосим Лоҳутӣ пайвастанд ва намоишномаҳои театрҳои тоҷик "аз муҳтавои ҷолиб саршор шуд".

"Вақте Абулқосим Лоҳутӣ ҳанӯз зинда буд, дар соли 1933 тасмим шуд, ки театри нахустини тоҷик ба номаш гузошта шавад. Он кас нахустин мудири бахши адабии ин театр низ буданд. Дар театр сухан нақши калидӣ мебозад ва устод Лоҳутӣ бо ҳунарпешагон ба шеваи забони Шекспир муошират мекарданд", -- нақл кард ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ортиқи Қодир афзуд, роҳбарони нахустини театри ба номи Лоҳутӣ тавонистанд аз ҳаваскорони ҷавон ҳунармандони қавиеро ба монанди Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов, София Тӯйбоева, баъдан Хайрӣ Назарова тарбият кунанд.

«Солҳои 1960 гурӯҳи дуввуми хатмкардаҳои Донишкадаи санъати шаҳри Маскав ба мисли Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳошим Гадо, Ҳабибулло Абдураззоқов, Марям Исоева, Носир Ҳасанов, Фотима Ғуломова ба Душанбе баргашта, насими нави ҳунармандӣ ба театри тоҷикро оварданд. Ба ҷойи шиорпартоиҳо сухани зинда рӯйи саҳна омад. Театри тоҷик ба қадамгоҳи бузургони илму фарҳанги Тоҷикистон табдил шуд», -- мегӯяд Ортиқи Қодир.

Гулсара Абдуллоева, ҳунарманди Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар посух ба ин суол, ки оё театри тоҷик дар 90 соли фаъолияташ рисолати худро ба дурустӣ иҷро карда тавонист ё не, гуфт, “ посух ба ин суол барояш норӯшан аст”.

Абдуллоева афзуд: “Сад афсӯс, ки имрӯз мо ба пеш намеравем. Ҳоло агар даҳ қадам ба пеш рафта бошем, ҳамзамон 100 қадам ба ақиб меравем. Ҳоло сатҳи ҳунар ва театр бисёр коста шудааст. Мо худ аз чунин вазъият сахт дилгирем, ки чаро чунин шуд? Ман дар театри ҷавонон тӯли 50 сол ҳунарнамоӣ мекунам ва ҳамеша толор пур аз тамошобин буд. Ҳоло бошад, баръакс аст.”

Гузориши дигар дар бораи театри тоҷик. "Қорӣ ишкамба" аз Русия бо ҷоиза баргашт:

Солҳо боз ин суол матраҳ аст, ки чаро сокинон ва бахусус дар шаҳрҳо камтар ба театр мераванд? Ҷавобҳо гуногунанд. Ҳунармандону сокинон барои ба ин ҳолат расонидани театр якдигарро айбдор мекунанд. Яке аз завқи пасти бинанда шикоят дорад, дигаре аз намоишномаҳои куҳна. ​

Маҳноз Абдуллоева, сокини 25-солаи Душанбе мегӯяд, чанд сол пеш ба тамошои намоишномае ба театри ба номи Лоҳутӣ рафта, “то ҷое пушаймон шудааст” ва тӯли ин солҳо аз тамошои намоишномаҳо дар театрҳо худдорӣ меварзад. Ба бовари вай, “ҳунармандон нақшҳоро самимӣ ва табиӣ иҷро намекунанд.”

Аммо насли бузургсоли Душанбе ба ин назаранд, ки дар ҳар сурат тамошои намоишномаҳо дар театрҳо ба инсон хушҳолӣ мебахшад. Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон 18 театри касбӣ ва даҳҳо театри халқӣ дар ҷамоату шаҳраку ноҳияҳо фаъолият дошта, ба қавли мақомот, таваҷҷӯҳи мардум ба театр нисбат ба солҳои пеш "андаке бештар гардидааст".

Баъзе коршиносон мегӯянд, аксар театрҳои Тоҷикистон худкифо нестанд ва дар мавқеи давлатӣ ё нимарасмӣ фаъолият мекунанд. Онҳо аз назари молӣ дастнигаранд ва барои ба саҳна гузоштани намоишномае ба сармоягузорӣ эҳтиёҷ доранд. То кунун дар бораи фурӯши маҷбурии билетҳо ва овардани хонандагони мактабҳои миёна ба театрҳо низ борҳо дар расонаҳо хабар нашр шудааст.

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

МВД: более 43 тысяч полицейских обеспечили безопасность на выпускных вечерах

Жизненно важно «ковать железо, пока горячо»: что ждет знаки зодиака в июле 2024 года

Суд отправил под домашний арест собственницу сгоревшего здания во Фрязине

Два человека пострадали в аварии на юго-востоке Москвы

Музыкальные новости

Пер-во г.Люберцы-на призы БФ Люберецкий Квартал 24-30.06.2024

КОМПАНИЯ LG НАЗВАНА ОФИЦИАЛЬНЫМ ПАРТНЕРОМ ЧЕМПИОНАТА МИРА ПО КИБЕРСПОРТУ 2024 ГОДА В САУДОВСКОЙ АРАВИИ

Бастрыкин велел доложить о расследовании дела по обращению медиков Новоуральска к нему и Путину

НА ОЛРЗ ПРОШЛО ОБУЧЕНИЕ В РАМКАХ РЕАЛИЗАЦИИ ПРОЕКТА РАЗВИТИЯ ПРОИЗВОДСТВЕННЫХ СИСТЕМ

Новости России

Около 100 мероприятий провели для пенсионеров из Химок в июне

МВД: более 43 тысяч полицейских обеспечили безопасность на выпускных вечерах

Концертный сезон на Кипре завершился музыкой Шостаковича

Жители региона впервые отметят День флага Кировской области

Экология в России и мире

Аромат романса и романтика слова – звезды оперной сцены представили I Международный фестиваль «Мир классического романса»

На Дети Азии приехали директора крупнейших цирков и продюсеры, профессиональные артисты - Театр и Цирк, Культура и Концерт - Россия и Дети

Участники VK Fest смогут проверить свое здоровье на стенде «Будь Здоров»

«585*ЗОЛОТОЙ» посчитала, сколько тратят на покупку солнцезащитных очков к лету в Ростове-на-Дону

Спорт в России и мире

Теннисистка Калинская не примет участие в Олимпиаде, несмотря на допуск от МОК, сообщил Тарпищев

Уроженка Тамбова Арина Родионова вышла во второй круг квалификации Уимблдона

Теннисист из Казахстана не сумел пробиться в основной раунд Уимблдона-2024

Жертва абьюза? В сети разнесли бросившую свою дочку Алесю Кафельникову

Moscow.media

...Есть чем платить, но я не хочу победы любой ценой. Памятник Виктору Цою в Санкт-Петербурге

В Москве пройдет 19-я выставка «Интеравто»

Портативный ТСД корпоративного класса Saotron RT-T70

Немецкие ученые создали гель для восстановления сердца после инфаркта







Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *