Юсуфҷон даст надорад, вале аз дигарон зеботар менависад
Юсуфҷон Буриев, навраси 12 солаи тоҷик аз ду даст маҳрум аст, вале мисли дигарон дар корҳои хона ба волидон кӯмак мерасонад. Хонаводааш талош мекунанд, то ӯ муҳтоҷи ёрии дигарон набошад ва бештари корҳоро худаш анҷом бидиҳад. Онҳо дар маҳаллаи Болошаҳри ноҳияи Рӯдакӣ ба сар мебаранд.