Мумкин аст, Сайфуллоро ба қатл маҳкум кунанд
Рӯзи панҷшанбе ҳайати доварони додгоҳи федералии Манҳеттени Ню-Йорк Сайфулло Соиповро дар қатли 8 нафар дар соли 2017-ум муҷрим донист. Тахмин мешавад, ки ин шаҳрванди 34-солаи Узбекистон ба ҳукми қатл маҳкум мешавад. Соиповро барои куштор ва пуштибонӣ аз як гурӯҳи террористӣ гунаҳгор донистанд.