Дастаи олимпии Тоҷикистон ба чорякфинал роҳ наёфт. Сармураббӣ истеъфо дод
![Дастаи олимпии Тоҷикистон ба чорякфинал роҳ наёфт. Сармураббӣ истеъфо дод](https://gdb.rferl.org/01000000-0aff-0242-f53b-08dc5e95dcf0_w800_h450.jpg)
Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-23) бо вуҷуди он ки дар бозии сеюмаш дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Қатар тими Тайландро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, натавонист ба даври чорякниҳоии мусобиқот роҳ пайдо кунад. Бинобар ин, сармураббии даста Мубин Эргашев аз вазифааш истеъфо додааст.