"Дар маърака гелос мехӯрем, дар бозор гарон аст"
Сарфи назар аз фаро расидани гармӣ дар Тоҷикистон, сокинон аз гаронии нархи мева шикоят доранд. Бархе мегӯянд, аксари меваҳое, ки дар Тоҷикистон мепазанд, аз ҷумла гелосу шафтолу ва зардолу барои мардум дастнорас ҳастанд. Мақомот вазъро муваққатӣ гуфтанд.