Додгоҳи олии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки маблағҳои бонкии Рухшона Ҳакимова, хабарнигори зиндонии тоҷик, ба фоидаи давлат мусодира шудааст.
Шавкат Лутфуллозода, муовини аввали раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон 7 август дар нишасти хабарӣ бо ишора ба инки, "ҷинояти содирнамудаи ӯ ба ҷиноятҳои махсусан вазнин" дохил мешавад, гуфт, ки "тибқи талаботи қонун", маблағҳои бонкии ӯ мусодира шуданд.
Аммо муовини аввали раиси Додгоҳи олӣ ҳаҷми ин маблағҳои мусодирашударо нагуфт.
Пулҳои Рухшона дар суратҳисоби бонкияш бештар аз 230 ҳазор сомонӣ гуфта мешуд. Читать дальше...