"Маҳмуди Торобӣ", китоби нави рӯзноманигор Аҳмади Иброҳим аст, ки як сол пеш дастгир ва сипас ба даҳуним сол зиндон маҳкум шуд. Наздиконаш гуфтанд, нахустин нусхаи “Маҳмуди Торобӣ”-ро ба ӯ расонданд. Аҳмади Иброҳим бунёдгузори нашрияи “Пайк” аст ва бо айбномаи ришва ва тундгароӣ дар зиндон аст. Худашу наздикон онро қабул надоранд.
Қурбонбӣ Чӯпонова, ҳамсари Аҳмади Иброҳим, рӯзи 11-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, китоби "Маҳмуди Торобӣ" бояд соле пеш нашр мешуд, вале бо сабаби дастгир шудани шавҳараш ба таъхир уфтод. Читать дальше...