Ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобул дастикам 26 нафарро қурбон кард
Нусрат Раҳимӣ, муовини сухангӯи вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аксари қурбониҳо шаҳрвандони мулкӣ буданд. Ин ҳамала дар ҳоле ҷараён гирифт, ки мардум дар пойтахти Афғонистон Наврӯз - соли нави форсизабонҳоро ҷашн мегирифтанд.
Ба гуфтаи Муҳаммад Салим Алмос -раҳбари бахши Вазорати дохилӣ дар умури бозҷӯии ҷиноятҳо, пулис ҳамлаварро пеш аз он ки ба ҷашнгоҳи серодами масҷиди Сахӣ ворид шавад, ошкор кард. Ҳамлагари интиҳорӣ бомбаро қабл аз ворид шудан ба базмгоҳ тарконд. Алмос аз ин нигаронӣ кард, ки теъдоди кушташудаҳо метавонад афзоиш ёбад.