Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Президент: Дар Тоҷикистон 1,2 миллион нафар бо оби пок таъмин шуданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  гуфт,  талабот ба захираҳои об дар саросари ҷаҳон то рафт афзоиш меёбад ва ин ҳолат боиси ба вуҷуд омадани "муносибатҳои нигаронкунанда миёни соҳаҳои иқтисодиёт мегардад”. Рӯзи 22 март зимни суханронӣ дар  ҷаласаи марбут ба  оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар Ню-Йорк, президенти Тоҷикистон гуфт, “шиддати рақобат барои манобеи об дар шароити камбуди он метавонад ҳатто дар дохили як кишвар боиси пайомадҳои манфӣ гардад”.


Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба мудирияти дуруст ва пайдо кардани роҳҳалҳои муассиру корсози тақсими захираҳои об таъкид кард. Вай бори дигар ёдовар шуд, ки Тоҷикистон ба унвони кишвари захираҳои об дар давоми чандин даҳсолаи асри 20  аз беш аз  1000 пирях тақрибан 30 дарсадашро аз даст дод.




Обшавии босуръати пиряхҳоро донишмандон ба ҷараёни гармоиши иқлим рабт медиҳанд.  Ба гуфтаи президент, “танҳо пиряхи бузургтарини  қитъавии Федченко дар ин муддат ба андозаи як километр хурд шуда, масоҳати он то 11 километри мураббаъ кам гардид ва ҳаҷми яхи худро беш аз 2 километри мукааб аз даст дод”. Вазъи баамаломада хатари обхезиву офатҳои табииро сол то сол афзоиш медиҳад.  


Ба унвони намунаи мусбати кор дар самти мудирияти об, президенти Тоҷикистон ба ҳамкории наздики  давлат ва бахши хусусӣ ишора кард ва гуфт,  Тоҷикистон дар  15 соли охир "барои ҳалли масоили дастрасӣ ба обу беҳдошт қариб як миллиард доллари амрикоӣ сарф кардааст. Дар натиҷа ҳукумат дар панҷ соли охир дастрасии тақрибан 1,2 миллион нафарро ба оби ошомидании босифат ва 600 ҳазор нафарро ба оби ошомидании бехатар таъмин гардонид”.


Бар тибқи таҳқиқоти ЮНИСЕФ – дафтари СММ дар умури кӯдакон, ки чанд соли  пеш анҷом шудааст, беш аз 40 дарсади Тоҷикистон ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ надорад.


22 март дар бинои СММ иҷлосияи 72-юми Маҷмаи кулли СММ ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор шуд, ки ташаббускори он президенти Тоҷикистон аст.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *