Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Овозхони Туркия барои таҳқири Эрдуғон ба 10 моҳи зиндон маҳкум шуд. ВИДЕО

Ҳунарманди синамо ва овозхони Туркия Зуҳал Олҷай бо ҷурми таҳқири президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳангоми консерташ дар соли 2016  ба муддати 10 моҳ зиндонӣ шуд. Дар ин бора нашрияи "Ҳуррият" рӯзи панҷшанбе хабар дод.


Навори таронаи Зуҳал Олҷай нишон медиҳад, ки овозхон матни сурудро дигар кард ва тарона дар шакли нав бо суханони "Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ин ҳама беҳуда аст, ин ҳама дурӯғ аст, зиндагӣ рӯзе ба охир мерасад ва хоҳӣ гуфт, ки ман ҳам орзуе доштам" садо дод. Ҳангоми сурудани тарона Олҷай бо дасташ ишораи таҳқиромез кардааст.


Овозхон иттиҳомро дар догоҳ рад кард ва гуфт, ҳеҷ нияти пинҳонӣ надошт ва исми Эрдуғонро ба ин далел истифода кард, ки ба вазну қофия мувофиқ буд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ишораи даст ба як тамошобин рабт дошт.


Биноба навиштаи хабаргузории Анадолу, Олҷай соли 2010 барои "таҳқири корманди давлат" ба маблағи беш аз 10 ҳазор лир ҷарима шуда буд. Таҳқири президент дар Туркия ҷиноят аст ва то 4 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.


Вакилони Эрдуғон, ки дар сиёсати Туркия тасаллут доранд, бар зидди 1800 нафар, бо шумули рассомони танзнавис, собиқ маликаи зебоии Туркия ва талабаҳо бо ҷурми таҳқири раҳбари давлат парванда сохтаанд. Энес Кантер, бозигари баскетбол аз тими "Ню Йорк Никс" ҳамчунин барои таҳқири Эрдуғон дар ғиёбаш ҳукм гирифтааст.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *